
Имрӯз, 22 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин тасвир» дар мавзуи «Пиряхҳои Тоҷикистон: зебоӣ ва ҳифзи онҳо», бахшида ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025» ҷамъбаст гардид.
Озмун бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ ва Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» миёни наврасони аз 12 то 17 сола доир шуд.
Қабл аз оғози ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва директорони муассисаҳои илмии АМИТ аз намоиши расмҳои мактабачагон, ки дар онҳо муҳити зист ва пиряхҳои Тоҷикистон тасвир ёфтаанд, боздид намуданд.
Дар идома зимни суханронии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид доштанд, ки чорабинин имрӯза, аз ҷумлаи талошҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти татбиқи амалии ибтикороти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳали масъалаҳои об, махсусан ҳифзи пиряхҳо маҳсуб мегардад.
Ҳадафи озмун муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили обу иқлим, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷӯҳи наврасон ба ҳифзи муҳити зист мебошад.
Дар интиҳои чорабинӣ, ғолибонии ҷойи 1-ум бо маблағи 1000 сомонӣ, ҷойи 2-юм 700 ва ҷойи 3-юм бо маблағи 500 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.